Ягона гимназияи исломии Тоҷикистон дарҳои худро баст
Ягона Гимназияи исломии Тоҷикистон дари худро барои омӯзгорон ва донишомӯзони ин муассиса бастааст.
Яке аз устодони ин гимназия, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 13 июн дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро тасдиқ карда, гуфт,“раҳбарият сабаби қатъи фаъолияти гимназияро ба набудани бино рабт медиҳад”.
Ягона Гимназияи исломии Тоҷикистон, ки дар бинои собиқ Донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Амрико, маъруф бо номи "Садр" ҷойгир буд, соли 2009 бо ташаббуси ҳукумати кишвар дар назди Донишкадаи исломӣ таъсис ёфта, дар он 1548 донишомӯз таҳсил мекарданд. Дар ин гимназия дар баробари омӯзиши барномаҳои таълимии макотиби миёнаи Тоҷикистон, инчунин аз фанҳои улуми динӣ, бо барномаи муқаддамотии омӯзиши Қуръон, аҳодиси набавӣ, таърихи Ислом, маорифи исломӣ ва забони арабӣ низ дарс гуфта мешуд.
Моҳи январи соли равон наздик ба 400 донишомӯзи ин гимназия ихтисор шуда, масъулин далели ин иқдоми худро “кам будани ҷои нишаст дар ин мактаб” арзёбӣ карданд.