Ҳимояти Э.Раҳмон аз тоҷикӣ кардани номҳои русию туркӣ дар Хатлону Варзоб
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарори ҳукумати кишвар пешниҳоди вакилони ноҳиявию вилоятиро барои тағйири номи бархе маҳаллаҳо дар навоҳии Вахш ва Варзоб дастгирӣ карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони кишвар пешниҳод кардааст.
Тибқи қарори имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон номи деҳаи “Ленинград”-и ҷамоати “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” ба “Зархез” ва номи деҳаи "50-солагии Комсомол” ба “Чорбоғ” иваз мешавад: “Инчунин дар ҷамоти деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш номи деҳаи “Перепадная” ба “Шаршара” ва номи деҳаи "Сафедов" ба "Сафедоб" иваз мешавад. Деҳаи “1-Май” номи “Нуробод” ва дар ҷамоати деҳоти Ваҳдати Вахш деҳаи “Қараланг” ба “Деҳқонобод”, “Қизилтумшук” ба “Файзбахш” деҳаи “Янгиобод” ба “Истиқлол” ва “Яккадин” ба “Гулбоғ” иваз карда мешаванд".
Бо қарори ҳукумат дар ҷамоати Машъали ноҳияи Вахш деҳоти “Қушқудук” ба “Иттифоқ”, “Томчи” ба “Лолазор”, “Куйканак” ба “Меҳробод”, “Қазоқон” ба “Пистазор”, “Дунгизадир” ба “Баракат”, “Қучқорбулоқ” ба “Офтобрӯя”, “Учбулоқ” ба “Сечашма”, “Қарабодом” ба “Гулибодом”, “Тераклитоғ” ба “Орзу” ва номи деҳаи "Тошробод” ба “Дустӣ” иваз мешавад.
Инчунин ҳукумати Тоҷикистон тағйири номи бархе аз маҳаллаҳои ноҳияи Варзобро низ дастгирӣ кардааст: “Аз ҷумла дар ҷамоати Чорбоғ номи деҳаи Муғулои поён ба “Меҳробод”, “Чағатай” ба “Шодоб”, “Чормағзакони тоҷик” ба “Чормағзакони боло”, “Чормағзакони узбек” ба “Чормағзакони поён”, “Тойқара” ба “Гулбоғ” иваз мегардад”.
Дар баробари ин бо қарори ҳукумат дар сурати тасдиқаш аз ҷониби Маҷлиси Миллӣ деҳаи Қулмаҳмадии ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ номи “Яккачашма"-ро мегирад.