The New York Times: Тоҷикистон-ҷабҳаи нави “ҷиҳод”-и ДИИШ
Нашрияи амрикоии “The New York Times” бо нашри матлабе таҳти унвони “Тоҷикистон: Ҷабҳаи нави ҷиҳод” марзи кишвари мо бо Афғонистонро хатти нави мубориза бо созмони террористии “Давлати исломӣ”, маъруф ба ДИИШ хондааст.
Аҳмад Рашид, муаллифи ин матлаб навиштааст, ки “ҷабҳаи нави мубориза бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ҳоли шаклгирӣ аст, ки садҳо ҷангҷӯён аз Осиёи Марказӣ барои пайвастан ба саффи “Давлати исломӣ” ва Толибон он ҷо ҷамъ омадаанд”.
Аҳмад Рашид, ки муаллифи чандин китоб дар бораи Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ аст, дар матлабаш дар “The New York Times” зарур хондааст, ки кишварҳои Ғарб ба эҳтимоли ташкили як ҷабҳаи дигари ҷиҳодиҳо дар марзи Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар диҳанд. Ӯ суҳбаташ бо як масъули баландпояи мақомоти амниятии Тоҷикистонро зикр карда, афзудааст, тибқи иттилои онҳо беш аз 5 ҳазор ҷангҷӯ, ки аксарашон зодаи Осиёи Марказиянд, дар шимоли Афғонистон ҷамъ омадаанду нияти ташкили хилофат аз Туркия то Шинҷони Чинро доранд.
Муаллифи матлаб таъкид намудааст, ҳукуматдорони Осиёи Марказӣ бояд дарк кунанд, ки иқдоми саркӯбгароёнаи онҳо алайҳи исломгароёни муътадил ба афзоиши саффи ин ҷангҷӯёни ифротӣ суръат мебахшад: “Маҳдудсозии ҳуқуқи диндорон ба манфиати ҳаракатҳои ифротӣ аст. Мамнуъияти риш барои мардон, ҳиҷоби занон ва омӯзиши Ислом дар мактабҳо бояд аз байн бурда шавад, чун ин сиёсатҳо роҳро барои афзоиши ифротгароҳоро ҳамвор мекунанд”.
Ин бори аввал нест, коршиносон ва рӯзноманигорони хориҷӣ аз паёмади бади маҳдудиятҳои рӯзафзун алайҳи исломгароён дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд. Қаблан нашрияи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон низ бо нашри матлабе аз мақомоти Тоҷикистон хост, “баҳсҳои ришу ҳиҷобро канор гузошта, якҷоя бояд ба рушди иқтисод рӯй овард, ки, роҳи наҷот аз гурӯҳҳои ифротӣ мебошад”. Муаллифони матлаби ин нашрия гуфтанд, “Душанбе бояд мушкили обҳои муштарак бо Узбакистонро ҳал карда, бо роҳандозии пружаҳои бузурги иқтисодӣ зиндагии мардуми кишварро беҳбуд бахшад. Вақте амнияти иқтисодӣ таъмин аст ва мардум шуғле доранд, туъмаи шикори гуруҳҳои ифротӣ намешаванд. Тақвияти иқтисоди Тоҷикистон метавонад тамоми барномаҳои беруниро барои ноамнсозии ин кишвар хунсо кунад”.