Ҷузъиёти суҳбати Пан Ки Мун бо Каримов. Аз ҳуқуқи кӯдакон то маҳбусон
Пан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар мулоқот бо Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон масъалаи истифодаи иҷбории нерӯи кӯдакон ва бадрафторӣ бо маҳбусон дар зиндонҳои ин кишварро ба миён гузоштааст.
Дабири кулли СММ аз Ислом Каримов хостааст, ба истифодаи иҷбории нерӯи кӯдакон дар Узбакистон хотима бахшида шуда, ба соҳаи маорифу тандурустӣ, аз ҷумла муаллимон ва табибон таваҷҷуҳи бештар шавад.
Инчунин Пан Ки Мун аз ҳолатҳои рухдодани шиканҷа ва бадрафторӣ бо маҳбусон дар зиндонҳои Узбакистон нигаронӣ карда, гуфтааст: “Бидуни риояи ҳуқуқи башар оромӣ ва пешрафтро набояд интизор шуд”. Ин нуктаҳоро ӯ рӯзи 12 июн дар суҳбат бо рӯзноманигорон баъд аз вохурияш бо Ислом Каримов баён доштааст. Пан Ки Мун афзудааст, ки Ислом Каримов дар ин мулоқот аз аҳамияти волоияти қонун ҳарф мезад, “вале қонунҳо бояд бар асоси ҳаёти воқеии мардум навишта шавад”.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Узбакистон ҳамеша ба хотири истифодаи иҷбории нерӯи кӯдакон ва ҷалби онҳо ба ҷамъоварии пахта мавриди интиқоди созмонҳои байналмилалӣ қарор мегиранд. Қаблан беш аз 50 ширкату созмон ва сармоягузорони амрикоӣ бо ирсоли як нома аз Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷии ИМА хостаанд, ки мақоми Узбакистонро дар ҳисоботи ҷаҳонӣ оид ба қочоқи инсон поин бибарад, то ин кишвар аз истифодаи иҷбории нерӯи кӯдакон худдорӣ кунад.
Дабири кулли СММ, ки дар доираи як сафар дар Осиёи Маркази қарор дорад, рӯзи 12 июни соли равон вориди шаҳри Тошканд шуда, бо Ислом Каримов мулоқотеро анҷом дод.