АКС: Муттаҳам дар "бачабозӣ"-ро 50 000 ҷарима ва "депортатсия" карданд
Додгоҳи ноҳиявии Санкт Петербург афсари боздоштшуда бо иттиҳоми “бачабозӣ”-ро 50 ҳазор рубл ҷарима ва барои 5 сол аз қаламрави Русия ихроҷ кардааст.
Ба иттилои сомонаи расмии пулиси нақлиёти ҳавзаи шимолу ғарби Русия боздоштшудаи 31-сола, барои таблиғи муносибатҳои ҷинсии ғайрианъанавӣ миёни ноболиғон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.
Гарчанде дар иттилоияи расмӣ афсари кадом кишвар будани боздоштшуда зикр нашудааст, расонаҳои Русия охири ҳафтаи гузашта бо такя ба манобеяшон гуфтанд, дастгиршуда як подполковники 32-солаи тоҷик мебошад.
Расонаҳои Санкт Петербург аз қавли манобеяшон иттилоъ додаанд, ки боздошти подполковник шоми 11-уми июн дар истгоҳи роҳи оҳани "Маскав" сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, афсари калони артиши Тоҷикистон дар Санкт Петербург барои такмили ихтиссос қарор дошта, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ талош кардааст, як писари ноболиғро ба муносибатҳои номашруҳ моил кунад.
Расонаҳои русӣ мегӯянд, мақомот аз мукотиботи афсари тоҷик бо писари ноболиғ огоҳ буданд ва шоми 11-уми июн вақте афсар бо писари ноболиғ дар истгоҳи "Маскав" мулоқот таъин кардааст, ӯро боздошт намудаанд.