ВИДЕО: Фирӯз ба кумаки шумо ниёз дорад. Ӯро наҷот диҳед!
Наврӯз Мадалиев, як сокини ноҳияи Восеъ бо муроҷиат ба мардуми хайрхоҳу саховатманд барои ҷарроҳии пайвандсозии гурдаҳои писари 22-солааш кумак мехоҳад.
Ба гуфти ин сокини ноҳияи Восеъ, фарзандаш -- Фирӯз Мадалиев 5 сол мешавад аз бемории гурда ранҷ мебарад: “Аз соли 2010 инҷониб писарам азият мекашад. Ба гуфтаи табибон, як гурдаи ӯ умуман ва гурдаи дигараш хуб кор намекунад ва бояд фавран ҷароҳӣ шавад”.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, барои пайвандсозӣ гурда наёфтанд ва омодааст як гурдаи худро ба писараш бидиҳад, “вале бо сабаби набудани маблағ ин кор амалӣ нашуд”.
Падари Фирӯз мегӯяд, ҳар ҳафта рӯзи душанбе барои тоза кардани хуни фарзандаш ба пойтахт омада, то рӯзи ҷумъа инҷо мемонанд. Маблағи ин саргардониҳои якҳафтаина 1,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад: “Харҷи ҳарҳафтаина омаду рафт ва пардохти пули беморхона хеле вазнин аст. Ҳама дороиҳоямро сарфи табобати писарам кардам, дигар имкони дарёфти маблағ барои ҷарроҳиро надорам”.
Наврӯз Мадалиев мегӯяд, дар гузашта ҳамчун омӯзгор кор мекард, вале аз соли 2010 ин ҷониб пайи табобати писараш саргардон асту ҷое кор намекунад: “Ҳамсарам нафақахур аст, дар ягон ҷой кор намекунад. Ду фарзандам дар муҳоҷиратанд ва бо сабаби бад шудани вазъи корӣ маблағи мефиристодаашон танҳо барои зиндагӣ мерасаду бас”.
Ӯ мегӯяд, барои ҷарроҳии пайвандсозии гурдаҳои писараш имконият надорад: “Бинобар ҳамин аз кулли шаҳрвандони кишвар, ашхоси саховатманде, ки имкони ёрӣ карданро доранд, кӯмак мехоҳам”.
(+992) 917 61 99 09 РАҚАМИ ТЕЛЕФОНИ НАВРӮЗ МАДАЛИЕВ
ҲИСОБИ БОНКӢ БАРОИ ИРСОЛИ МАБЛАҒ