70 миллион еврои Аврупо барои хатти интиқоли барқи Қирғизистон-Тоҷикистон
Бонки сармоягузории Аврупо барои бунёди хатти интиқоли нерӯи барқ миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон 70 миллион евро ҷудо кардааст.
Дар ин бора сомонаи расмии ин Бонк иттилоъ дода, афзудааст, ки бо ин маблағ миёни ду кишвар хатти барқи 477 километрӣ бо иқтидори 500 кВ бунёд хоҳад шуд. Ба иттилои манбаъ қисмате аз маблағҳои ҷудошуда барои бунёди 120 километр хатҳои дохилӣ, барои тавонманд кардани шабакаҳои Тоҷикистон масраф мегардад.
Мақсади ин тарҳ, ки дар доираи лоиҳаи CASA-1000 амалӣ мешавад, боло бурдани содироти барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ва ҳалли оқилонаи мушкилоти тақсими барқ миёни кишварҳои минтақа арзёбӣ мешавад.