Умед ҶАЙҲОНӢ, пажуҳишгар
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вебгоҳаш Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»-ро мунташир кардааст. Аз ин лоиҳа чунин бар меояд ки «милитсия» дар кишварамон номгардон ва «политсия» номида хоҳад шуд (Ниг.: https://vkd.tj/…/7693-shakli-mukammali-loi-ai-onuni-um-urii-…).
Дар моддаи якум аз Боби якуми ин тарҳи қонун гуфта мешавад:
- политсия - дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти касбӣ ва мусаллаҳонаи ҳокимияти давлатӣ (сохтори таркибии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) мебошад, ки ба низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мегардад.
Мардум ин ниҳодро “милиса” мегӯяд, аммо дар забони коргузориву расмӣ “милитсия” номида мешавад ки рӯбардор аз “милиция” дар забони русӣ аст. Вале ин вожа реша дар забони лотинӣ дорад: истилоҳи “militia” ‘сипоҳ, лашкар’ аз решаи “miles” рӯида ва аслан ба маънии “пиёдасарбоз” буда ва сипас “сипоҳу лашкар” гашта ва саранҷом “нирӯҳои басиҷӣ”, яъне нирӯҳои ниманизомиву номунтазамеро меномидаанд ки аз шаҳрвандон ташкил шуда бошанд.
Ин маънӣ то кунун дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон корбурд дорад. Дар Русия низ “милиса” то соли 1917 ҳамин маъниро дошта, вале пас аз инқилоби февралӣ ва ташкили “милисаи мардумӣ” аз сӯи Ҳукумати муваққати Русия ба ҷои “пулис”, маънии “нирӯҳои интизомӣ”-ро гирифтааст. Сипас Ҳукумати шӯравии Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ ин истилоҳро ба маънии “нирӯҳои мардумии нигаҳбони интизому посдори қонун” ба кор бурданд ва он дар дигар кишварҳои сусёлистӣ низ пазируфта шуд. Аммо пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳони сусёлистӣ бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Русия, аз ин истилоҳ рӯй гардонданд ва “пулис”-ро ҷойгузинаш карданд.
Истилоҳи “политсия” ки ВКД ҶТ қасд дорад бар ин ниҳод бигзорад, низ рӯбардор аз русӣ аст. “Полиция” дар забони русӣ вомвожа аз “роliсjа” дар забони лаҳистонӣ аст ки он ҳам баргирифта аз “Роlizеi” дар забони олмонӣ мебошад. Олмониҳо низ ин вожаро аз “роlitīа” дар забони лотинӣ сохтаанд ки он худ вомвожа аз “πολιτεία” дар забони юнонии бостон ба маънии “шаҳрвандӣ, кишвардорӣ” буда ва аз вожаи “πόλις” ба маънии “шаҳр, кишвар” падид омадааст. Ҷолиб ин аст ки акнун юнониҳо худ ин ниҳодро на “милиса” мегӯянду на “пулис”, балки “Αστυνομία” [астиноми́я].
Боре, ниёкони мо вожае доштанд ки метавон бо баҳрабардорӣ аз он, аз баҳри “милиса” ва “пулис” гузашт ва номе аз беху бун тоҷикона бар ин ниҳод гузошт. Он вожа “шаҳрбонӣ” аст ки яке аз куҳантарин вожаҳои кишвардории тоҷикӣ буда ва беш аз 2500 сол пешина дорад. Ин вожа аз “шаҳрбон” рӯида ки дар забони порсии миёна “šahrap”, дар забони паҳлавӣ “xšatrap”, дар забони порсии бостон “xšaça-pāvan” ва дар забони эронии бостон “*xšaθra-pāvan-“ буда (аз “*xšaθra-“ – ‘подшоҳӣ; кишвар’ + “*pāvan” ‘нигаҳбон’ аз решаи “*pā-“ ‘пойидан’) дақиқан ба маънии “нигаҳбони кишвар” аст. “Шаҳр” дар ин вожа ба маънии “кишвар” аст, чунон ки дар “шаҳрванд” ва “ҳамшаҳрӣ” низ ҳаст. [Аз ин рӯ, бо таваҷҷуҳ ба ҳамин маънӣ, метавон “кишварбонӣ” низ гуфт ва “Вазорати корҳои дохилӣ”-ро ки дар Эрон “Вазорати кишвар” меноманд, низ метавон “Вазорати кишварбонӣ” номид.]
Ёдовар мешавем ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки расман “забони тоҷикӣ” номида мешавад, аслан забони форсӣ аст ва бино бар додаҳои торихӣ ва забоншинохтӣ, дунболаи забонест, ки аз замони Ҳахоманишиён (порсии бостон), Ашкониён (паҳлавӣ), Сосониён (порсии миёна) ва рӯзгори Сомониён (порсии нав ё порсии дарӣ ё форсӣ) то Манғитиён, яъне аз соли 558 пеш аз милод то соли 1920 милодӣ, камобеш 2500 сол, забони кишвардориву диндориву донишу адабу фарҳангу ҳунар дар Эрону Турон будааст. Агар забон ойинаи фарҳанг аст, пас забонамон бояд фарҳанги 2500-солаи кишвардориямонро низ бозтоб диҳад. Бо таваҷҷуҳ ба ин решаву пешина ва аз дидгоҳи пайванд бо торих ва баҳрабардорӣ аз мероси фарҳангӣ, аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост мешавад, ин ниҳодро тоҷикона “шаҳрбонӣ” номгузорӣ кунад. Зеро: нахуст ин ки, бино бар Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон “забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст”. Дигар ин ки бино бар банди 5 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 5.10.2009) “забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад”. Севум ин ки банди 1 моддаи 18 боби 5 ҳамин Қонун муқаррар мекунад, ки “номгузории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, инчунин дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба забони давлатӣ сурат мегирад”.
Бояд ёдовар шуд ки ин ном бо равишу рӯйкарде торихгароёна пешниҳод шуда, аммо рӯйкарди аслӣ пайвастани кишвардории имрӯзаи Тоҷикистон бо ҳукуматҳои пешина аст, зеро пайванди торихӣ омили аслии шаклдиҳанда ва худ шарти посдорӣ аз ҳувияти торихии тамаддуни мо аст.
Аз саҳифаи ЗАБОНИ ФОРСИИ ТОҶИКӢ