Нигаронии Нобовар Чаноров аз бидуни иҷоза бозхонӣ шудани таронаҳояш
Нобовар Чаноров,[/b] овозхони маъруфи тоҷик мегӯяд, аз бидуни иҷоза ва дар шакли дигар бозхонӣ шудани сурудҳояш нигарон аст ва ҳатто ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳам расман муроҷиат кардааст.
Нобовар Чаноров имрӯз, 12 июн дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аснои сафари ахираш ба шаҳри Маскави Русия дар яке аз тарабхонаҳо шоҳиди аз сӯи кадом як хонанда бозхони шудани суруди маъруфи “Ба лолазор” гардид. Ӯ гуфт, вақте сурудро тамом кард, боз фармоиш додам, ки як бори дигар такрор бихонад:[b] “Дар як тарабхонаи гурҷӣ нишаста будем, ки яке ҳамин суруд садо дод. Танҳо як-ду калимааш бо забони тоҷикӣ суруда шуду халос, дигар намедонам, чӣ хонданд. Баъд дӯстонамон наздашон рафта пурсиданд, ки ин сурудро аз куҷо ёфтед? Гуфтанд, “аз интернет”. Мо ҳам дигар чизе нагуфтем”.[/b]
“Ба лолазор” аз маъруфтарин сурудҳои Нобовар аст, ки дар озмуни ахири “Суруди сол” соҳибҷоиза шуд. Оқои Чаноров мегӯяд, ин сурудро [b]Сидиқ Шубоб[/b], як сарояндаи афғон низ иҷро кардааст: [b]“Он кас ба ман занг зада, гуфт, зиёд мехоҳад ин сурудро дар консертҳои Амрикову Аврупояш иҷро кунад. Ман гуфтам, марҳамат кунед”. [/b]
Хонандаи тоҷик меафзояд, ҳолатҳои бидуни иҷоза бозхонӣ шудан зиёданд: [b]“Масалан суруди “Ту гули лола”-ро Шаҳзод Азим, як овозхони узбек бидуни иҷоза бозхонӣ кардааст. Тамоми мусиқии моро гирифта, дар баъзе ҷо овози ман ва дар ҷои дигар садои худро монда, клип кардааст. Дар интернет ҳаст ин клип”. [/b]
Ин сарояндаи маҳбуб мегӯяд, аз миёни сарояндаҳои зиёде, ки таронаҳояшро бозхонӣ кардаанд, ба ҷуз Сидиқ Шубоб, ду хонандаи тоҷикистонӣ -- Рустами Нур ва Набиҷон аз ӯ иҷозат пурсидаанд: [b]“Дигарҳо нопурсида мехонанд, боз аз худ чизе илова мекунанд”. [/b]
Ба қавли вай, на танҳо сурудҳои ӯ, балки таронаҳои овозхонҳои дигарро ҳам зиёд бидуни иҷоза бозхонӣ мекунанд: [b]“Ин даҳшат аст. Барои мисол, имрӯз дар як тарабхонае будам. Як духтар суруд хонд. Оҳангҳои як ҳунарманди маъруфи моро гирифта, суханҳое мондааст, ки умуман ба мусиқӣ намечаспад. Зиёд мехостам аз он сароянда бипурсам, ки “эй хоҳар, Шумо ҳамин корро кардед, бароятон писанд аст?” Як мусиқиро солҳо эҷод мекунанд, вале мебинем, ки аз ҷониби дигарҳо тамоман ба дигар тарз хонда ва дигар хел садо медиҳад. Ин кори хуб нест, завқи шунавандаро хароб мекунад”. [/b]
Нобовар гуфт, дар қиболи ин ҳама бидуни иҷоза бозхонӣ шудани таронаҳояш танҳо як маротиба расман ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон муроҷиат кардааст: [b]“Он ҷо ду соат суҳбат доштем, вале то кадом андоза пайгирӣ мекунанд ва чи натиҷа медиҳад, маълум нест”. [/b]
Нобовар Чаноров аз сарояндаҳои номовари тоҷик аст, ки ҳамроҳ бо гуруҳи “Шамс” ҳунарнамоӣ мекунад. “Ба лолазор”, “Ту гули лола”, “Лайлӣ” аз маъруфтарин сурудҳои ӯянд. Ахиран, ҳамроҳ бо Шабнами Сурайё як суруди муштарак иҷро кард, ки дар ҳоли ҳозир дар феҳрасти сершунавандаҳо қарор дорад.