АКСУ ВИДЕО: Гузориш аз шаҳраки Бозиҳои аврупоӣ-2015
Шоми имрӯз, 12 июн дар шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон нахустин Бозиҳои аврупоӣ-2015 расман ифтитоҳ мешавад. Он то 28 июни соли равон идома хоҳад кард.
Ҷиҳати иштирок дар расми ифтитоҳи он Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам дар садри як ҳайат бо шумули Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футбол, Эркинхон Раҳматуллозода - ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Аҳтам Абдуллозода - раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳию Баҳрулло Раҷабалиев - котиби генералии Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон ба Боку сафар кард.
Муҳайё Нозимова, хабарнигори тоҷик низ дар пойтахти Озарбойҷон аст ва барои торнамои “Озодагон” хабар дуруст хоҳад кард. Ӯ имрӯз дар як навори мустақим дар бораи мизони омодагии Боку ба ин сабқати варзишӣ гузориш дод, ки инҷо тамошо кунед. Инчунин, хонум Нозимова талош хоҳад кард, аз расми ифтитоҳи Бозиҳои аврупоӣ-2015 шоми имрӯз мустақим навор бифиристад.
Дар мавриди дар Боку баргузор шудани Бозиҳои аврупоӣ-2015 моҳи декабри соли 2012 дар Рим тасмим гирифта шуд. Бозиҳои аврупоӣ бо ташаббуси Кумитаҳои олимпии Аврупо, ки мақарраш дар Лозанн буда, дар ҳоли ҳозир 50 Кумитаи миллии олимпии Аврупоро гирд овардааст, доир мешавад.
Дар бозиҳои Боку қарор аст 6200 варзишгар аз 50 кишвар иштирок намуда, аз рӯи 20 навъи варзиш бо ҳам рақобат кунанд.