Ҳушдори Бонки ҷаҳонӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ
Бонки ҷаҳонӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд ҳушдор додааст, болову поин рафтани иқтисодӣ дар чанд моҳи оянда масири пешрафти иқтисодии онҳоро бо мушкил рӯбарӯ хоҳад кард.
Ин ниҳоди молиявӣ рӯзи чаҳоршанбеи 10 июн бо нашри як гузориш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Африқо ҳушдор дода, тамомии кишварҳои дар ҳоли рушд ояндаи наздик иқтисоди заифтарро таҷриба хоҳанд кард. Ба гуфтаи Каушик Басу, як иқтисоддони Бонки ҷаҳонӣ, далели ин мушкил тасмими бонки марказии Иёлоти мутаҳидаи Амрико мебошад, ки қарор аст мизони фоидаи худро афзоиш диҳад.
Басу дар ин гузориш гуфтааст, иқтисоди ҷаҳонӣ имсол ба 2.8 дарсад мерасад, ки камтар аз пешбинии қаблии 3 дарсади моҳи январ аст. Вай афзудааст, поин будани нархи коло, ба вижа коҳиши 40 дарсадии нархи нафт аз соли гузашта ба шиддат ба содиркунандагони коло осеб зад. Ин мақоми Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ кардааст, иқтисоди Ҳиндустон дар соли ҷорӣ рушди сареъ мебошад, ки нархи рушди он 7.5 дарсад ва нисбат ба пешбинии қаблӣ, ки 6.4 дарсад буд, болотар хоҳад буд. Дар ин гузориш омадааст, мизони фоидаи бонки марказии Амрико аз соли 2000 то ба ин сӯ заминаи сармоягузориро дар саросари ҷаҳон, бахусус кишварҳое, ки иқтисодашон дар ҳоли рушд аст, бештар сохта буд. Аммо афзоиши мизони фоидаи ин бонк дар моҳҳои оянда кишварҳои қарздорро маҷбур ба пардохти бештари фоида хоҳад кард ва ба ин тартиб ин кишварҳо ҷурати сармоягузории бештарро нахоҳанд дошт.