Раҳмон ба Путин: Русия шарики стратегии ҳақиқии Тоҷикистон аст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як паём унвонии Владимир Путин мардуми Русияро бо Рӯзи қабули эъломияи истиқололияти он кишвар табрик гуфтааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, дар номаи Эмомалӣ Раҳмон ба Путин аз ҷумла омадааст, “муҳтарам, Владимир Путин Рӯзи қабули Эъломияи истиқлолияти Русия барои ман фурсати хубе аст, то Шумо ва мардуми бародари русро бо ин ҷашни бузург табрик гӯям”.
Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз Русия ба унвони шарики табии стратегии Тоҷикистон ном бурда, таъкид кардааст, “Русия барои Тоҷикистон шарики стратегии ҳақиқӣ аст, ки дар муносиботи сиёсати хориҷии стратегии мо ҳамеша мақоми аввалро касб мекунад ва ба равобити гуногунҷабҳаи ду кишвар баҳои баланд медиҳем”.
12 июни соли 1990 дар ҷаласаи нахустини вакилони мардумии Русияи сотсиалистӣ Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии ин кишвар қабул гардид, ки аз соли 1994-ум инҷониб дар сатҳи давлатӣ таҷлил мегардад.