Иштироки Эмомалӣ Раҳмону Рустами Эмомалӣ дар Бозиҳои аврупоӣ-2015
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар садри як ҳайат барои иштирок дар маросими ифтитоҳи аввалин Бозиҳои аврупоӣ-2015 озими шаҳри Бокуи Озарбойҷон шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Боку субҳи 12 июн оғоз шуда, ӯро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев - раиси Маҷлиси миллӣ, Шукурҷон Зуҳуров - раиси Маҷлиси намояндагон, Қоҳир Расулзода - сарвазир, Бахтиёр Худоёрзода - роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон гусел кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар писараш Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футбол, Эркинхон Раҳматуллозода - ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Аҳтам Абдуллозода - раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳию Баҳрулло Раҷабалиев - котиби генералии Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон ҳамроҳӣ доранд.
Бозиҳои аврупоӣ-2015 имрӯз, 12 июн дар шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон шурӯъ шуда, то 28 июни соли равон идома хоҳад кард. Дар мавриди дар Боку баргузор шудани ин бозиҳо моҳи декабри соли 2012 дар Рим гирифта шуд.
Бозиҳои аврупоӣ бо ташаббуси Кумитаҳои олимпии Аврупо, ки мақарраш дар Лозанн буда, дар ҳоли ҳозир 50 Кумитаи миллии олимпии Аврупоро гирд овардааст, доир мешавад.
Дар бозиҳои Боку қарор аст 6200 варзишгар аз 50 кишвар иштирок намуда, аз рӯи 20 навъи варзиш бо ҳам рақобат кунанд.