Ато Муҳаммад хостори зери раҳбарӣ гирифтани амалиёти низомӣ шуд
Ато Муҳаммади Нур, сарпарасти вилояти Балхи Афғонистон ва яке аз сиёсатмадорони таъсиргузор дар ин кишвар, гуфтааст, агар раисиҷумҳур – Ашраф Ғанӣ иҷозат бидиҳад, омодааст, барои поккории пойгоҳҳои террористон дар вилоятҳои шимол амалиёти густардаи низомиро оғоз кунад.
“Агар раиси ҷумҳур, сарқумандони аъло, масъулин ва раиси иҷроия ва вазоратҳои муҳтарами дифоъ ва дохила иҷоза бидиҳанд, мо бо ҳамкорӣ ва ташвиқи вилоёти ҳамҷавор ва инояти парвардигор дар баробари ҳаросатафканон истодагарӣ хоҳем кард. Ҳеҷ ҳаракат ва таҳдиде аз душман дар атроф ва акнофи мо боқӣ намонад”,-гуфтааст Ато Муҳаммади Нур дар изҳороти ахири худ.
Ин дар ҳолест, ки Ато Муҳаммади Нур чанде пеш дар як изҳороти расонаии худ аз бетаваҷҷуҳии ҳукумати марказии Кобул дар баробари тундравҳо дар шимоли кишвараш изҳори нигаронӣ ва интиқод карда буд. Атто Муҳаммадди Нур гуфтааст, ду ҳафта мешавад, ки либоси низомӣ ба бар карда, набардҳо дар баробари гуруҳҳои тундравро дар вилояти Балх раҳбарӣ мекунад. Ин фармондеҳи пешини муҷоҳидини Афғонистон гуфтааст, барои ташвиқи неруҳои амниятии кишвараш дар канори онҳо меистад: “Ба хотири ташвиқи қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон, ки бидонанд мо дар ҳама гуна шароит дар канорашон ҳастем ва сарбозу афсари мо бидонад, ки хуни як раис ва воливу вазир болотар аз хуни онҳо нест”.
Ато Муҳаммади Нур дар изҳороти як ҳафта қабли худ бо интиқод аз бетаваҷҷуҳии ҳукумати марказии Кобул дар баробари тундравҳо дар шимоли кишвараш, гуфта буд: “Ман огоҳ шудам, ки ҷуғрофиёи ҷанг тағйир карда, мухолифин меоянд ва ҷабаҳотеро дар Бадахшон боз мекунанд. Дар ин замина бо раисиҷумҳур суҳбат доштам ва ҳамчунин бо раиси иҷроия. Ҳардушон истиқбол карданд ва гуфтанд, мо иқдом мекунем. Аммо мутассифона иқдом накарданд ва ман маҷбур шудам, масъаларо матбуотӣ кунам, зеро намехоҳам мардумам кушта шавад”.
Вилоёти шимолии Афғонистон, ки то кунун аз вилоятҳои нисбатан амнтари ин кишвар дониста мешуданд, аз аввалҳои соли ҷорӣ хеле ноором шуда ва баъзе коршиносон мегӯянд, он нишонаи тағйир кардани ҷуғрофиёи ҷанг дар ин кишвар аст.
Ба вилоятҳои шимол ва шимолу шарқи Афғонистон Бадахшон, Бағлон, Кундуз, Балх, Тахор, Ҷузҷон, Сарипул, Самангон ва Форёб дохил мешаванд, ки баъзеашон дар ҳамсоягии Тоҷикистон қарор доранд.