Ҳабси абади вазири чиние, ки дар Душанбе созишномаҳо баста буд
Вазири пешини амнияти Чин Чжоу Юнкан, ки дар соли 2014 бо гумони даст доштан дар фасод ва ифшои сирри давлатӣ боздошт гардид, ба ҳабси абад маҳкум шудааст.
Тибқи иттилои хабаргузории “Синхуа” Чжоу Юнкан, узви пешини Кумитаи марказии Бюрои Сиёии Ҳизби коммунисти Чин ва вазири собиқи амнияти ин кишвар воломақомтарин мансабдори чиноист, ки дар фасод айбдор дониста шуд.
Ба иттилои манбаъ то расидан ба синни бознишастагӣ ин сиёсатмадори 73-сола яке аз таъсиргузортарин шахсиятҳо дар роҳбарияти Чин дониста мешуд. Чжоу Юнкан баъди боздошт моҳи декабри соли гузашта аз сафи Ҳизби Комунистии Чин ихроҷ шуда буд. Гуфта мешуд, ки ӯ ришва гирифта, дӯстон ва хешу таборашро ба мақомҳои баланд таъин намудааст.
Расонаҳои чинӣ мегӯянд, бисёре аз ҳамкорони собиқ ва хешу таборҳои собиқ вазир ҳам зери тафтишоти мақомот қарор доранд.
Маҳкумияти Чжоу Юнкан дар ҳолест, ки ӯ моҳи августи соли 2011 як ҳайати ҳукуматӣ-ҳизбии ҷумҳурии мардумии Чинро сарварӣ намуда, ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Дар ин сафараш миёни Тоҷикистон ва ин Чин се санади нави ҳамкорӣ: Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва ҳизби коммунистии ҷумҳурии мардумии Чин; Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ – техникӣ; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расида буд. Он замон бар асоси созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ – техникӣ ба Тоҷикистон бояд дар ҳаҷми 120 миллион юан (пули миллии Чин) кӯмаки бебозгашти техникӣ расонда мешуд.