Мулоқоти Зоҳидӣ бо ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Вилҳелм Молтерер, ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, ин вохурӣ рӯзи 11 июн баргузор шудааст.
Дар вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба сатҳи кунунӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва бахусус иҷрои тарҳҳои минтақавиро баррасӣ кардаанд.