Ҷарроҳии Сафинаи 10-сола ва миннатдории падараш ба мардуми Тоҷикистон
Ҷарроҳии Сафинаи 10-сола, як сокини ноҳияи Ёвон, ки аз бемории нуқсони дил ранҷ мебурд, санаи 5 июн дар беморхонаи Шаҳраки тиббии Душанбе бомуваффақият анҷом ёфтааст. Дар ин бора Музаффар Табаров, падари Сафина ба “Озодагон” хабар дода, афзуд, саломатии духтараш баъд аз ҷарроҳӣ хуб аст.
Ӯ мегӯяд, имрӯз, 11 июн духтарчааш 10-сола шуд: “Сафинаҷонам имрӯз зодрӯз дорад. Мо дар беморхона мавлуди ӯро таҷлил кардем”.
Ба гуфтаи падари Сафина, барои ҷарроҳии духтараш шаҳрвандони саховатманди кишвар ҳудуди 31ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд. Ӯ афзуд, бар илова дар суратҳисоби духтараш каме маблағ мондааст, ки онро барои идомаи табобати Сафина нигоҳ медорад: “Як қисми ин маблағҳоро барои ҷарроҳии фарзанди Маҳмадалӣ Боев, сокини шаҳри Норак, ки қаблан барои ҷарроҳии писараш -- Ҳусейн аз мардум ва мақомоти кӯмак хоста буд, медиҳам”.
Музаффар Табаров гуфт, аз ҳамаи афроде, ки дар рӯзи сахт ӯ ва наздиконашро дастгирӣ карданд, беандоза миннатдор аст: “Имрӯз бо кумаки шумо духтарчаи ман наҷот ёфт, Худованд давлати шуморо аз ин ҳам зиёда бигардонаду дастатонро кушода. Бори дигар аз самими қалб миннатдории худро ба он нафароне, ки дар рузи сахт бо ман буданд баён мекунам”.
Қаблан, Музаффар Табаров тавассути торнамои “Озодагон” аз мардум ва мақомоти Тоҷикистон дархост кард, то барои наҷоти Сафинаи 9-сола дасти мадад дароз кунанд. Ин сокини ноҳияи Ёвон гуфта буд, духтарчааш гирифтори бемории “нуқсони қалб” буда, ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дорад. Ба гуфти ӯ, барои дарёфти кӯмак ба дастгоҳи Иҷроияи президенту Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ муроҷиат карда, посухе нагирифтааст. Музаффар Табаров афзуд, танҳо ба мардуми саховатманди кишвар умед бастааст.
Ба қавли падари Сафина, 11 сол ба ҳайси омӯзгор кор кард, аммо бо сабаби камии маош, ки ба хӯрду хӯрок ва табобати духтараш намерасид, корро партофту ҳоло дар сохтмонҳо фаъолият мекунад.