Қазоқистон баъди Тоҷикистон узви Созмони ҷаҳони савдо шуд
Хадамоти матбуоти Созмони ҷаҳонии савдо хабар додааст, ки Қазоқистон гуфтушунидҳои 19-солаи худро барои узви ин созмон шудан ба анҷом расонидааст.
22-юми июн маҷмуи аснони ба узвият пазируфтани Қазоқистон таъйид шуда, барои тасдиқи расмӣ ба Шӯрои генералӣ ирсол мешавад, то 161 узви ин созмон онро тасдиқ намоянд.
Дар иттилоияи СҶС омаддаст, “нозукӣ ва мураккабии вуруди Қазоқистон зарурати муколамаро бар асоси тарофаҳои марбут ба узвияташ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) ба вуҷуд овард”.
Қазоқистон барои узви Созмони ҷаҳонии савдо шудан 29 январи соли 1996 дархост фиристод. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон 20 декабри соли 1998 (133-юм узви СҶС), Тоҷикистон 2 марти соли 2013 (159-ум узви СҶС) ба узвияти ин созмон пазируфта шуданд.
Ду кишвари Осиёи Марказӣ - - Туркманистон ва Узбакистон то кунун узвии ин созмон нестанд.