Ризояти Э.Раҳмон барои созиш бо Оқохон дар бораи Санобод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарори ҳукумати кишвар ба Вазорати энергетика ва захираҳои об дастур додааст, ки бо Бунёди Оқохон дар умури рушди иқтисодӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи таҳияи асоснокии техникӣ-иқтисодии нерӯгоҳи Санободро ба имзо расонад.
Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 351, ки Эмомалӣ Раҳмон 30-юми майи соли равон имзо кардааст, ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи Ёддошти ҳусни тафоҳум дар мавриди баҳогузории фанниву иқтисодии нерӯгоҳи Санободро бо Бунёди Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ тасдиқ кардааст. Бар асоси ин санад Эмомалӣ Раҳмон ба Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои об дастур додааст, ки аз номи ҳукумати Тоҷикистон ин ёддошти тафоҳумро имзо кунад ва метавонад ба матни санад тағйиротеро ворид кунад, ки аҳамияти калидӣ надоранд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Вазорати умури хориҷии кишварро вазифадор кардааст, ки дар мувофиқа бо Бунёди Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ сана ва ҷои имзои ин созишномаро муайян кунад.
Қаблан Бонки ҷаҳонӣ бо ироаи як гузориш оид ба роҳҳои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар Тоҷикистон то соли 2020 лоиҳаи нерӯгоҳи барқии Санободро пешниҳод кард. Ба гуфтаи гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ ин нерӯгоҳ бо арзиши 225 миллион доллари амрикоӣ ва иқтидори 125 МВт Тоҷикистонро бо нерӯи арзон таъмин кунад. Гуфта мешавад, барои сохтмони ин НБО бунёди обанбор зарурат надорад, зеро он бевосита дар дамгаҳи ҷараёни оби дарёи Панҷ, дар мавзеи Санободи деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон сохта мешавад.
Созиш дар мавриди Санобод дар ҳолест, ки Шоҳзода Шоҳкарим ал Ҳусайнӣ, Оқохони IV, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон ахиран аз нақшаи худ барои боздид аз Тоҷикистон хабар дод. Оқохони IV дар паёми табрикияш ба Темур Сариев, сарвазири навтаъини Қирғизистон гуфтааст, ният дорад, аз Осиёи Марказӣ боздид кунад ва бо рафти сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон, Нарини Қирғизистон ва Текелии Қазоқистон аз наздик шинос шавад.
Сафари Оқохони IV ба Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта дар назар буд, вале ба далели анҷом наёфтани баъзе корҳои бунёдкорию тарҳрезиҳо ба таъхир гузошта шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи таъхири ин сафар изҳор дошт, ки Оқохони IV баъди моҳи майи соли 2015 дар ҳар вақти барояш мувофиқ метавонад аз Тоҷикистон боздид кунад.