Афғонистон бар ивази нафт аз Тоҷикистон барқ мегирад
Хабаргузории “Меҳр”-и Афғонистон аз қавли раиси дафтари матбуоти Вазорати маодин ва нафти ин кишвар, аз музокироти мақомоти афғону тоҷик ҷиҳати интиқоли нафти хом аз Афғонистон ба Тоҷикистон хабар дод. Сухангӯи ин вазорат гуфтааст, “ҳанӯз ба тавофуқ нарасидаем ва ҳеч санаде ба имзо нарасидааст, вале иттифоқи назари ду тараф моро ба амалӣ шудани ин тарҳ умедвор кардааст”.
Ба гуфтаи Вазорати иқтисоди Афғонистон, қарор аст Тоҷикистон ҳангоми ворид кардани нафт аз Афғонистон содироти барқ ба ин кишварро афзоиш бидиҳад. Хабаргузории “Меҳр” мегӯяд, манотиқи шимоли Афғонистон, бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, яке аз муҳимтарин манбаи нафти Афғонистон ба шумор меравад ва ба осонӣ метавон онро ба Тоҷикистон мунтақил кард.