Рӯзи Ваҳдатро имсол дар Карон таҷлил мекунанд
Ҷашни 18-солагии Рӯзи Ваҳдат ё имзои Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 27-июн дар Карон, ки аз он ба унвони як шаҳри қадимаи тозакашфшуда дар шимолу шарқи маркази ноҳия Дарвози Бадахшони Куҳӣ ном бурда мешавад, таҷлил
мегардад. Дар ин бора ба “Озодагон” яке аз шахсиятҳои фарҳангии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи манбаъ, қарор аст дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашн президенти Тоҷикистон -- Эмомалӣ Раҳмон ҳам ширкат кунад. Ӯ гуфт, ахиран онҳо дар ҳайати як гуруҳ аз ноҳияи Дарвоз баргаштаанд ва раванди корҳо ва шароити пазироии меҳмононро баҳогузорӣ намуданд.