Истифодаи 600 Гб интернети ройгон дар хатсайри 8 тайи 1 моҳ
Ширкати мобилии Билайн, ки дар доираи як лоиҳа бо шаҳрдории Душанбе моҳи апрели соли равон 10 автобуси мусофиркашро бо Wi fi –и ройгон пайваст кард, изҳор дошт, ки мусофирон давоми як моҳ дар ҳаҷми 800 Гб интернетро истифода бурдаанд.
Ба итилои ширкат аз ин 76 дарсад ё худ ҳудуди 600 Гб ба хатсайри рақами 8 рост меояд. Масъулини нақлиёти пойтахт низ изҳор медоранд, ки дар пайи насби интернети ройгон таваҷҷуҳи мусофирон ба автобусҳо бештар шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки нимаи дуюми моҳи апрели соли равон дар доираи як лоиҳаи муштарак бо номи «Beeline Wi Fi Free» қисме аз автобусҳои мусофиркаш дар пойтахт бо Wi fi –и ройгон пайваст шуда буданд.