Машварати бонкдорҳои тоҷик: Нуқтаҳои мубодила ва интиқоли асъор як шаванд...(АКС)
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон бо бонкдорҳои кишвар дар бораи баҳисобгирии амалиёти асъорӣ ва интиқоли маблағҳои пулӣ машварати корӣ баргузор намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки Миллӣ Нурмаҳмадзода дар ҳузури роҳбарони низоми бонкӣ ва ташкилотҳои қарзӣ диққати асосиро ба яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби низоми бонкӣ – таъмини назорат ва санҷиши баҳисобгирии пурра ва воқеии амалиёти асъорию интиқоли маблағҳо ҷалб намуд. Ӯ изҳор доштааст, ки дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо дар ин самт чорабиниҳои дахлдор андешида шуда истодаанд.
Дафтари матбуоти Бонки Миллӣ мегӯяд, зимни машваратҳо масъалаи муттаҳид намудани нуқтаҳои мубодилаи асъор ва нуқтаҳои интиқоли маблағҳо, анҷом додани амалиёти мубодилаи асъор ва интиқоли маблағҳо танҳо тавассути ташкилотҳои қарзӣ(филиал ва марказҳои хизматрасонии онҳо), пайваст кардани низоми амалиётии ташкилотҳои қарзӣ ба низоми дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон, рушди бозори байнибонкии асъор, таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон фикру андешаҳо иброз гардиданд.
Ба иттилои манбаъ роҳбарони бонкҳои ҷумҳурӣ дар навбати худ пешниҳоди Бонки миллиро дар ин самт дастгирӣ намуда, қайд карданд, ки дар рӯзҳои наздик хулоса ва пешниҳодоти худро манзур медоранд.