"Носи тоҷикӣ" мояи нигаронии мақомоти Русия шудааст
Мақомоти Русия аз қочоқи носи аз Тоҷикистону Узбакистон ба Русия изҳори нигаронӣ кардаанд.
Ба навиштаи расонаҳои русӣ, аз аввали соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Ростови лаби Дон 119 ҳодисаи вуруди ғайриқонунии нос ба қайд расидааст.
Хачатур Хрхрян, сардори шӯъбаи тафтишоти гумрукии фурудгоҳи Ростови лаби Дон гуфтааст, новобаста аз кам шудани парвозҳо аз Хуҷанди Тоҷикистону Тошканди Узбакистон коҷоқи нос аз ин ду кишвар афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи ин мақоми рус, кочоқи нос ду маротиба бештар шудааст: “Барои муқоиса, дар 5 моҳи соли гузашта 78 ҳолат ба қайд гирифта будем, соли равон бошад, 119 ҳодиса сабт шуд. Аз рӯи ин ҳодисаҳо 238 парвандаи маъмурӣ боз гардидааст”.
Сардори шӯъбаи тафтишоти гумрукии фурудгоҳи Ростови лаби Дон гуфтааст, бо ҳукми додгоҳт 217 килло нос мусодира ва нобуд ва ҳоло 102 килои дигар дар ҳоли тафтиш аст.