ВИДЕО: Таъқибу тирпаронии “СОБР” бо тоҷикон... дар маркази Маскав
Мақомоти қудратии Русия аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон, Гурҷистон ва Молдова хабар доданд, ки 10-уми июн дар Маскав ба дастаи таъиноти махсус -- “СОБР” муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд.
Тавре расонаҳои маъруфи Русия аз қавли мақомоти ин кишвар иттилоъ медиҳанд, боздоштшудаҳо дар ғорати интиқолдиҳандагони пул (инкассаторҳо) муттаҳам мешаванд ва рӯзи 10-уми июн зимни амалиёти боздошт дар назди истгоҳи Павлетский ба кормандони дастаи таъиноти махсуси “СОБР” муқобилияти мусаллаҳона нишон додаанд: “Дар пайи таъқиб ва тирпаронӣ як нафар муттаҳам маҷруҳ ва боқимонда боздошт гардиданд”.
Расонаҳои Русия, аз ҷумла “Интерфакс”, НТВ, "Эхо Маскав" ва дигарон қаблан иттилоъ доданд, ки муттаҳамон гуруҳи бошандаҳои Қафқоз мебошанд, аммо баъдан хабар дода шуд, боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Гурҷистон ва Молдоваанд.
Анатолий Якунин, фармондеҳи пулиси Маскав дар пайи ин амалиёт аз касбияти кормандони кофтукоби ҷиноӣ ва дастаи “СОБР” тавсиф карда, изҳор доштааст, онҳо мукофотонида хоҳанд шуд. Ба иттилои мақомоти Русия, боздоштшудаҳо дар 20 ҳолати ҳамла ба интиқолдиҳандагони маблағ айбдор мешаванд. Амалиёти боздоштро яке аз дурбинҳои назоратӣ сабт кардааст: