Ҳамзамон, Олимҷон Рафиков, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ҳайати дастаро ба бозӣ бо мунтахаби Ҷопон муайян кард, ки аз 19 футболбоз - 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар иборат аст. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чунин аст:Дарвозабонҳо – Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Миралӣ Муродов («Энергетик»), Владимир Сисоев («Регар-ТадАЗ»);Ҳимоятгарон – Давронҷон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Умед Ҳабибуллоев, Акмал Сабуров, Соҳиб Сувонқулов (ҳама – «Истиқлол»), Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»); нимҳимоятгарон – Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Маҳмадалӣ Содиқов (ҳама – «Истиқлол»), Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»), Илҳомҷон Ортиқов (ССКА «Помир»); ҳамлагарон – Комил Саидов (ССКА «Помир»), Наврӯз Рустамов («Равшан»).
Ёдрас менамоем, тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозии нахустини сабқати интихобӣ дар майдони худ аз тими миллии Ӯзбакистон ва дар сафар аз мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби якхелаи 0:1 мағлуб шуда буд.{jathumbnail off}