Дар асоси барномаи боздид рӯзи 6 октябр дар шаҳри Минск мулоқоти гурӯҳи дӯстӣ бо раиси Шӯрои ҷумҳурии Маҷлиси миллии Беларус Анатолий Рубинов, раиси Комиссияи доимии Шӯрои ҷумҳурии Маҷлиси миллӣ Нина Мазай, роҳбари гурӯҳи кории Маҷлиси миллии ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, муовини раиси Комиссияи палатаи намояндагони Маҷлиси Олӣ Александр Висотский ва аъзои ин гурӯҳи корӣ доир гардид.Зимни ҳамаи ин нишастҳо сафири ҶТ дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов низ иштирок намуд.
Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ самтҳои ҳамкориҳои минбаъдаи байнипарламентӣ ва роҳҳои амалисозии нақшаҳои ҳамкории ояндаро муҳокима намуданд.Соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, робитаҳои фарҳангӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки муносибатҳои минбаъдаи дуҷониба арзёбӣ гардиданд.
Дар рафти боздид гурӯҳи дӯстӣ бо фаъолияти корхонаҳои калонтарини Беларус – «Белкоммунмаш» ва заводи автомобили Беларус «МАЗ», инчунин ҷойҳои таърихии Беларус шинос шуданд.{jathumbnail off}