Ӯзбакистон дар баробари мухолифат бо тарҳҳои энержии Тоҷикистон талош дорад, бозори энержии Афғонистон ва Покистонро ба даст орад.
Рӯзномаи «Нюз»-и чопи Покистон рӯзи 16 май навиштааст, ки ба зудӣ музокироти Исломобод ва Тошканд дар мавриди пешниҳоди ҷониби Ӯзбакистон барои содироти ҳазор мегават барқ ба Покистон шурӯъ хоҳад шуд.
Ин нашрия бо такя ба манбаи хеш дар вазорати об ва энержии Покистон навиштааст, ки ин музокирот барои амалӣ кардани тавофуқоте, ки замони сафари Сайид Юсуф Ризо Гелонӣ- нахуствазири Покистон ба Ӯзбакистон дар авохири моҳи марти соли равон ба даст омада буд, анҷом мешавад.
Ба гуфтаи ин манбаъ Ислом Каримов дар дидор бо Юсуф Ризо Гелонӣ мавзӯъи содироти барқ ба Покистонро матраҳ карда гуфтааст,ки айни замон кишвараш ба Афғонистон солона 300 мегават барқ содир мекунад.
Ҳамчунин, ин рӯзнома аз қавли Ҷовид Иқбол дабири вазорати об ва энержии Покистон навиштааст, ки дар ояндаи наздик як ҳайати коршиносони фаннии ин кишвар бо ҳадафи баррасии масоили содироти барқ аз ҷумла масири сохтмони хати барқӣ ва қимати барқи содиротӣ озими Тошканд хоҳанд шуд.
Рӯзномаи «Нюз»-и чопи Покистон ҳамчунин бо такя ба манбаи хеш навиштааст, ки дар сурати мувофиқати Исломобод барои воридоти барқи Ӯзбакистон, ҷониби Тошканд метавонад барои сохтмони хатти баландшиддати барқии 500 киловолтӣ, аз Бонки Ҷахонӣ ва Бонки Осиёии Рушд сармоя дарёфт кунад.
Ҷониби Ӯзбакистон гуфтааст, бо зарфиятҳои мавҷуда ин кишвар имкон дорад дар сол 1000 мегаватт барқ ба Покистон содир кунад.
Ба гуфтаи таҳлилгарон бо матраҳ кардани мавзӯи содироти барқи Ӯзбакистон ба Покистон , Тошканд талош дорад аз вуруди Тоҷикистон ба бозори энержии Покистон монеъ шуда, амалӣ шудани тарҳи бунёди хатти баландшидати барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ бо номи КАСА -1000-ро ба таълиқ дароварад.
Ахмадшои Комилзода, таҳлилгари умури минтақа мегӯяд, хамакун рушан шуд, ки ҳадаф аз мухолифати Ӯзбакистон бо роҳи интиқоли барқ аз Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон , ки бо номи КАСА -1000 маъруф аст, даст ёфтан ба бозори энержии минтақа буда, ба баҳсхои зистмуҳитӣ ҳеч рабте надорад.
Ёдовар мешавем, дар аввоили моҳи марти соли ҷорӣ давлати Ӯзбакистон аз тариқи сафири хеш дар Исломобод, дар мавриди тарҳи сохтмони хатии барқии КАСА- 1000 унвонии давлати Покистон номаи эътирозӣ ироа кард.
Тошканд дар ин нома таъкид кардааст, ки на танҳо Ӯзбакистон, балки Қазоқистон ва Туркманистон низ бо ин тарҳ мухолифанд, зеро Тоҷикистон гузориши таъсири мухитзистии бунёди нерӯгоҳи Роғунро ба таъйиди кишварҳои ҳамсоя нарасондааст.
Гуфтанист, бар асоси тарҳи интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ, ки бо номи КАСА- 1000 маъруф аст, қарор аст Тоҷикистон ва Қирғизистон нируи барқи изофии худро ба Афғонистон ва Покистон содир намоянд.
Дар оғоз пешбинӣ шудааст, ки Тоҷикистон солиёна 1000 мегават ва Қирғизистон 300 мегават барқ ба кишварҳои Афғонистон ва Покистон интиқол бидиханд.
Бо вуҷуди он ки эҳдоси ин хати 500 киловолтии интиқоли барқ бо назардошти бунёди НБО-и Роғун дар Тоҷикистон ва ниругохи Қамбарота дар Қирғизистон таҳия шудааст, Тоҷикистон бо зарфиятҳои мавҷуд имкон дорад, дар фасли тобистон то 2 млрд кв соат барқи изофии худро содир намояд.
Бояд гуфт, тарҳи хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқ мавсум ба CASA-1000 аз тарҳҳои бузурги минтақавист, ки карор аст бо кӯмаки созмонҳои бузурги молиявии ҷаҳонӣ, ба монанди Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё бо ҳазинаи наздики 700 миллион доллар бунёд шавад. Бар асоси ин тарҳ бояд дар тӯли 750 километр хатти баландшиддати 500 киловолтии интиқоли барқ сохта шавад.
Дар марҳилаи аввал пешбинӣ мешавад, аз тариқи ин хати барқ 1000 ва ниҳоятан 4000 мегават барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ интиқол дода шавад.{jathumbnail off}