Боздошти марде ба иттиҳоми рабудани “Мерседес-Бенс”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 29-солае дар маркази вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар рабудани автомошинаи “Мерседес-Бенс” айбдор мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, рӯзи 9 июн як марди 63-сола дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба маъмурини пулис муроҷиат карда, аз гум шудани автомашинаи шахсии худ “Мерседес-Бенс”, ки дар назди манзили зисташ қарор дошт, шикоят кардааст.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ш.Қурғонтеппа бо гумони рабудани ин автомашина дастгир шудааст.
Дафтари матбуоти вазорат афзудааст, ки ҳоло дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.