Сариев дар Душанбе нархи фурӯши барқро дақиқ кард
Вазорати энергетика ва саноати Қирғизистон иттилоъ додааст, ки дар мавриди хариди барқ аз Тоҷикистон ба мувофиқа расидаанд.
Ба иттилои ин ниҳод зимни сафари расмии Темир Сариев, сарвазири нави Қирғизистон ба Душанбе ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки Бишкек аз моҳи июн то сентябр дар ҳаҷми 500 миллион киловат соат барқро аз Тоҷикистон харид хоҳад кард. Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо нархро 2,5 сент барои ҳар киловат муайян кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки моҳҳои охир миёни мақомоти тоҷику қирғиз гуфтушунид барои хариди барқ аз Тоҷикистон идома дошт. Бишкек хост барқро аз Тоҷикистон, бо нархи соли гузашта-2 сент барои ҳар киловат харидорӣ кунад, аммо мақомоти Тоҷикистон 3,5 сент талаб карданд ва ниҳоят дар 2,5 сент барои ҳар киловат қарор гирифтанд.
Ба иттилои расмӣ гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар се моҳи соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 4,3 баробар афзудааст. Соли 2014 ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи танишҳои марзию марзбандӣ нисбат ба соли 2013 3,5 баробар коҳиш ёфта буд.
Феълан ҷонибҳо талош доранд, ки нишондодҳои тиҷоратӣ ва иқтидори транзитии ду кишвари ҳамсоя боло бурда шавад ва Душанбе барои ин ҳадаф додани мақоми байналмилалӣ ба гузаргоҳи сарҳадии Қарамиқро зарур медонад.