“Шайх Темур” иттиҳомотро қисман эътироф кардааст
Саидмаҳдихон Сатторов, мулаққаб ба “Шайх Темур” дар нахустин мурофиаи додгоҳиаш иттиҳомоти бисёрзанӣ, ба таҳсили фарзандон монеъ шудан ва аз худкунии худсаронаи қитъаи заминро ба гардан гирифтааст.
Мавлудхон Солиев, вакили дифои Саидмаҳдихон Сатторов мегӯяд, аммо нафари таҳти ҳимояташ айбҳои дигар, аз қабили тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми калон ва несту нобуд кардани қабристонро напазируфт. Мурофиаи нахустини додгоҳӣ сешанбеи 9 июн дар боздоштгоҳи №1-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Номи “Шайх Темур” баъди он вирди забон шуд, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6 феврали соли равон филми мустанадеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод. Дар он аз мардумфиребиҳои Сайидмаҳдихон Сатторов нақл мешуд. Баъдан, Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дархости Додситонии кулл ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифт.