Суруди миллии Тоҷикистон бори нахуст дар рақобатҳои варзишӣ “зинда” иҷро мешавад.
Тавре аз Федератсияи футболи кишвар хабар доданд, Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) иҷоза додаанд, ки қабл аз оғози бозии даври аввали бозиҳои гуруҳии Ҷоми ҷаҳон-2018 миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Урдун суруди миллии Тоҷикистон бидуни мусиқӣ ва “зинда” иҷро шавад: “Суруди миллии Тоҷикистонро ҳунарманди театри опера ва балети Душанбе иҷро хоҳад кард. Аз ин пеш ҳеч гоҳ қабл аз бозиҳои тимҳои миллӣ суруди миллии Тоҷикистон “зинда” иҷро нашудааст, танҳо мусиқӣ садо медод”.
Тими миллии Тоҷикистон дар даври интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 ба гуруҳи “В” шомил аст ва нахустин дидораш бо яккачини Урдун рӯзи панҷшанбеи 11 июн дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.