Тӯфони магнитӣ
Майдони магнитии Замин зуд-зуд ба дигаргуниҳои амиқ ва босуръат гирифтор мешавад, ки ин дигаргуниҳо ба фаъолияти Офтоб вобастагӣ доранд. Ин ҷараёнҳоро тӯфони магнитӣ меноманд. Мутаасифона, ин ҷараёнот барои сокинони Замин бетаъсир намемонад. Дар чунин рӯзҳо, кори функсионалии организми одамон, хусусан калонсолон гирифтори як қатор нуқсонҳо мегардад. Кори системи қалбии инсон халалдор мегардад, ҷараёнҳои системи асаб ва меъдаи инсон суст мегарданд ва инчунин кори муҳофизатии бадан ва фаъолияти љисомонии он низ поин меравад.
Мутахассисони Бемористони Ибни Сино огоҳ мекунанд, ки ин тағйироти сатҳи геомагнитии замин ва фаъолияти узвҳои асосии организм инсон бо ҳам алоқаманданд. Онҳо тавсия мекунанд, одамон бояд барои ҳарчи бештар муҳофизат кардани худ аз таъсири ин равандҳои номатлуб чораҷӯӣ кунанд.
Барои мисол одамони гирфтори бемориҳои қалби дар ин рӯзҳо чӣ гуна бояд рафтор кунанд? Имрӯз маълум гардидааст, ки хавфноктарин давраи тӯфони магнитӣ, пагоҳирӯз ба шумор меравад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар ин ҳангом миқдори сактаи дилҳо 30% нисбат ба давраи дигари шабонарӯз бештар аст. Сабабгори ин системи асаб аст, ки кори системи қалбиро танзим мекунад. Системи асаб худро ба дигаргуниҳои Замин наметавонад мутобиқ кунад ва организми инсон таҳти фишори зиёд қарор мегирад.
Дар давраи фаъолияти зиёди Офтоб одам бояд «муназзам вориди рӯз гардад». Баъди бедор шудан, зуд аз рахти хоб барнахезед, аввал андаке таваққуф намуда, баъд каме биншинед. Ҳангоми аз ҳолати хобида якбора баланд шудани инсон, дар организм тақсими фишори хун оғоз мегардад. Ва агар якбора инсон ҳолати баданашро дигаргун созад, рагҳо фурсат пайдо намекунанд ба ин дигаргунии мутобиқ шаванад. Дар навбати худ ин метавонад мағзи сарро бидуни ҳаво гузорад ва инсон ҳолати беҳушӣ пайдо мекунад. Агар шумо одат кардаед, баъди аз хоб бархостан ба машқҳои ҷисмонӣ пардозед, табибон тавсия мекунанд, ки гимнастикаро мавқуф гузоред ва онро дар нимарӯз анҷом диҳед. Рӯзи худро чунон барномарезӣ кунед, ки то бештарини фишори чисмонӣ бароятон ба нисфирӯзи (бењтараш қабл аз хуроки нисфирӯзӣ) рост ояд ва субҳу шомро дар як истироҳат ё анҷоми кори сабук сипарӣ кунед.
Мутахассисони Беморостони Ибни Сино тавсия медитњанд: кӯшиш кунед оромона ба гирду атрофатон нигоҳ кунед ва ба ҳеҷ ваҷҳ асабӣ нашавед. Дар ин гуна рӯзҳои хатарнок, таъғйироти зиёди фишор ба амал меояд ва кӯшиш кунед ин таъғиротҳо оромона пушти сар намоед.
Бегоҳирӯзи бошад "усули ҳавои тоза" хело муфид қарор мегирад. Фикр накунед, ки тӯфони магнитиро беҳтар аст дар хона пушти сар кунед. Дар ҳавои кушод нафаскашӣ осонтар аст, бино бар ин, пеш аз хоб каме гаштугузор намоед. Ҳаногоми гаштугузор тез ҳаракат накунед, метавонед дар болои хараке биншинед ва ҳадди аққал 30 дақиқа дар ҳавои кушод қарор гиред. Аз хӯрок низ суистифода накунед. Аз таомҳои рӯғанин ва ширин муддате даст кашед. Истеъмоли зиёди хӯрок низ дар ин рӯзҳо тавсия намешавад, чун меъдаи аз ғизо пур, ҷараёни зиёди хунро тақозо мекунад ва ин ба организм метавонад фишори зиёд биоварад. Дар рӯзҳои муқарари ин ҷараён барои мо бетаъсир мегузарад, аммо ҳангоми тӯфони магнитӣ хатари бисёр амиқе дорад.
Ҳангоми тартиб додани нақшаи хӯрокхурии худ, ба ҳар гуна шӯлаҳо диққати асосӣ диҳед. Пухтани онҳо бо об ё шири бе равған беҳтара аст. Аз гӯшти равғандор низ сарфи назар намоед ва беҳтар аз ҳама бо моҳии обпаз иктифо кунед. Ҳангоми хӯроки бегоҳирӯзӣ як стакан кэфир истеъмол кунед. Тӯфони магнитиро аз ҳама беҳтар, дар хоб пушти сар намоед. Худро барои хоб пешакӣ омода кунед ва 7-9 соат хоб равед. Дар ин рӯзҳо дар истеъмоли доруҳо низ ҳушёр бошед. Пеш аз оғози ин гуна рӯз як қурси аспирин бихуред. Ин дору хунро тунук карда, фишорро ба шумо камтар мегардонад.
Ашхосе, ки гирифтори бемориҳои қалби мебошанд ҳангоми тӯфони магнитӣ, аз ҳама бештар ҳушёр бошанд ва пешаки тамоми доруҳои истеъмол мекардаашонро захира кунанд. Кӯшиш кунед ин доруҳоро тибқи дастури табиб ва дар вақтҳои таъин шуда истеъмол намоед. Истеъмоли доруҳои оромбахш низ муфид қарор мегирад. Рӯҳияи мусбинигарона бисёр муҳим аст. Дар зеҳни худ, алайҳи ин раванди номатлуб садди мустаҳкаме эҷод кунед ва ин рӯзҳои тӯфони магнитӣ бароятон бе ҳеҷ таъсри манфӣ сипарӣ мегарданд.
Маркази матбуоти Беморхонаи Ибни Сино