Миллатгарое, ки Салоҳиддинро сар бурид, қасди вакил шудан доштааст
Иля Горячев, миллатгарои рус, ки дар буридани сари Салоҳиддин Азизов, шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам мешавад, қасди таъсиси ҳизби худро дар Думаи давлатии Русия доштааст.
Никита Тихонов, яке аз пешвоёни “Созмони ҷангии миллатгароёни рус” (БОРН), ки аз ҷониби Горячев таъсис шудааст, зимни бозпурсӣ дар Додгоҳи Маскав гуфтааст, Горячев мехост ба парлумон роҳ ёбад: "Тасмим дошт, БОРН-ро ба ҳайси як абзори расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ истифода кунад. Ӯ миллатгароёни ирландиро мисол овард, ки дорои ду созмон: сиёсии ҳуқуқӣ ва ифротии пинҳонианду барои баромадан ба саҳнаи сиёсӣ бо ҳам кор мекунанд”.
Иля Горячевро дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон -- Салоҳиддин Азизов дар соли 2008, адвокат Станислав Маркелов ва журналист Анастасия Бабурова дар моҳи январи соли 2009 муттаҳам медонанд. Инчунин ӯ дар ҳамдастӣ дар куштори Федор Филатов (Федяя) ва Иля Ҷапаридзе, ки муқобили миллатгароҳо буданд, айбдор мешавад.
Дар гузашта додгоҳ аъзои дигари БОРН -- Никита Тихонов, Максим Баклагин ва Вячеслав Исаевро барои як умр равонаи зиндон кард. Михаил Волков 24 сол аз озодӣ маҳрум шуда, Юрий Тихомиров аз сӯи ҳайати мунсифа сафед шуд.
Куштори ваҳшиёнаи Салоҳиддин Азизов, як муҳоҷири меҳнатии 20-солаи тоҷик аз ноҳияи Шаҳритус моҳи декабри соли 2008 дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои шадидеро ба миён овард. Аз ҷумла Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши як нотаи эътирозӣ аз мақомот таҳқиқи ин қазияро талаб карда буд.