Дарёфти ҷасади бародарон Худойбердиевҳо дар Бадахшон
Ҷасади бародарон-Худойбердӣ ва Саидқадам Худойбердиевҳо, ки дар пайи садамаи нақлиётии шаби 15 ба 16-уми майи соли равон дар қаламрави Дарвоз дар дарёи Панҷ ғарқ шуданд, ҳафтаи гузашта дарёфт ва дар зодгоҳашон- ноҳияи Рӯшон ба хок супорида шуданд.
Дар ин бора манобеи “Озодагон” иттилоъ дода, афзуданд, ки то ҳол ҷасади ронанда Ниҳолов Алидод пайдо нашудааст.
Садамаи маргбори шаби 15 ба 16-уми май, ки дар пайи сарозер шудани мошини “Ниссан” ба дарёи Панҷ дар минтақаи “Новак”-и ноҳияи Дарвоз рух дод, 4 кушта - Худойбердиев Саидқадам соли таваллудаш 1960, Худойбердиев Худойбердӣ соли таваллудаш 1972, Эмомназарова Нилуфар соли таваллудаш 1992 ва Ниҳолов Алидод, соли таваллудаш 1986-ро барҷой гузошт. Саидқадам Худойбердиеви 55-сола, полковники хидмати тиббӣ дар мақомоти амниятии Тоҷикистон буд, ки 15-уми май, ҳамроҳ бо хоҳарзодааш Нилуфар ва бародараш-Худойбердӣ ба маросими видоъ бо модарашон ба ноҳияи Рӯшон раҳсипор буданд.