Садама ҷони муовини собиқи вазири дохилии Тоҷикистонро гирифтааст
Саид Ҷӯрақӯлов, муовири пешини вазири умури дохилии Тоҷикистон дар пайи як сониҳаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, мошини "Тойота Прадо", ки генерал-майор Саид Ҷӯрақӯлов савори он будааст, рӯзи шанбеи 6 июн ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе ба як мошини дигар бармехӯрад.
Саид Ҷӯрақӯлов аз соли 2004 то соли 2005 муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон буд. Охирҳои соли 2005 сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВУД таъин гардида, баъдан то замони бознишастагӣ ба ҳайси намояндаи "Интерпол"-и Тоҷикистон кор кард.