Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ
Вазорати умури дохилии Арабистони Саудӣ мегӯяд, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар пайгарди қонунӣ қарор дошт, боздошт кардааст.
Ба иттилои нашрияи “ал-Мадина”-и саудӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта дастгир гардидаааст. “Ал-Мадина” навишта, танҳо дар давоми ҳафтаи гузашта дар қаламрави Арабистони Саудӣ 73 нафар аз сӯи маъмурини пулис боздошт шуданд, ки ҳамагӣ дар пайгарди қонунӣ қарор доранд: “Миёни боздоштшудаҳо 64 шаҳрванди Арабистони Саудию 4 шаҳрванди Яман ва як нафарӣ аз Тоҷикистону Миср, Баҳрайн, Покистон ва Сурия мебошад”.
Нашрия дар бораи ному насаби афроди боздоштшуда чизе нагуфтааст.