Путин: Русия дар Тоҷикистон пойгоҳ не, неруҳои зиддитеррористӣ дорад
Владимир Путин пойгоҳи ҳарбии 201-уми кишвараш дар Тоҷикистонро на пойгоҳи ҳарбӣ, балки қувваҳои зидитеррористӣ унвон кард.
Путин зимни сафараш ба Итолиё дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Corriere della Sera” гуфтааст, Русия дар хориҷ аз марзҳои худ пойгоҳи ҳарбӣ надорад ва ончи дар Тоҷикистону Қирғизистон ҳаст, на пойгоҳ, балки неруҳои муҳими зидтеррористӣ мебошанд. Путин гуфтааст, “мо пойгоҳҳои ҳарбии худро аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон барчидем, аз ҷумла аз Куба, Ветнам ва кишварҳои дигар”.
Путин дар ин мусоҳиба ҳамчунин гуфтааст, масрафоти низомии ИМА ва НАТО хеле бузургтар аз масрафоти низомии Русия мебошанд ва набояд ахборпароканӣ кард, ки Русия мехоҳад ба қаламрави кишварҳои узви НАТО ҳуҷум намояд. “ИМА мехоҳад пешвоии худро дар НАТО ҳифз кунад, барои ин зарур аст, ки як хатари беруна, як душмани хориҷӣ дошта бошад, то ин пешвоияшро ҳифз намояд. Эрон чунин як хатар нест. Киро бояд тарсонд? Буҳрони Укроин аз куҷо пайдо шуд? Русияро лозим буд, ки вокуниш нишон бидиҳад. Шояд ин кор махсус анҷом шуд? Ман намедонам. Вале инро мо накардем”,-гуфтааст Путин.