Дар Хуҷанд ба “Ошхури беҳтарин” 2 000 сомонӣ медиҳанд
Бахшида ба 18-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маркази вилояти Суғд нахустин Фестивали “Гулҳо” ва “Оши палав” доир мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуотии вилоят, дар ин бора қарори раиси вилояти Суғд аз 2 июни соли 2015, № 277 ба имзо расидааст. Ҷашнвораи мазкур 16 июн дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” оғоз ба фаъолият карда, ба иштирокдорон мукофотпулиҳо дода мешавад: “Барои иштирокчиёни беҳтарини фестивали “Гулҳо” аз рӯи бахшҳои “Ороиши беҳтарин” - 5 ҳазор сомонӣ, “Гулдастаи беҳтарин” – 3000 сомонӣ, “Ороиши беҳтарин дар мевагӣ” – 2000 сомонӣ, “Гулпарвари беҳтарин” – 2 000 сомонӣ дода мешавад”.
Барои иштирокчиёни беҳтарини фестивали “Оши палав” аз рӯи бахшҳои “Оши палави беҳтарин” – 5 000 сомонӣ, “Оши чойхонаи беҳтарин” – 3000 сомонӣ, “Ошпази касбии беҳтарин” – 3 000 сомонӣ, “Ошхури беҳтарин” – 2 000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни муйсафедон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни занҳои калонсол” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни мардон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни занон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни домодҳо” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни арӯсон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни ҷавонписарон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни ҷавондухтарон” – 1000 сомонӣ мукофотпулиҳо муқаррар гардидааст.