Вохурии Сироҷиддин Аслов бо сафири Бритониё
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Ҳю Филпотт, сафири Бритониё дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ, ин вохурӣ зуҳри 5 июн дар Душанбе баргузор шуда, дар он масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Бритониё, аз ҷумла дар соҳаи иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шудаанд.
Инчунин дар робита ба омодагӣ ҷиҳати баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирӣ аз татбиқи даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» мубодилаи афкор намуданд.