Мулоқоти Аслов бо вазири умури хориҷии Чин дар Маскав
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои чинии худ - Ван И мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ, ин вохурӣ рӯзи 4 июн дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Маскав баргузор шудааст.
Ҷонибҳо дар ин мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин ва рафти татбиқи санадҳое, ки ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои стратегии ду кишвар дар арсаҳои мухталиф равона шудаанд, баррасӣ кардаанд.
Инчунин дар робита ба масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карданд.