Боздошти ҷавони 17-сола барои кордкашӣ ҷониби апаву язнааш
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, кормандони пулис ҷавони 17-солаеро бо гумони бо корд захмӣ кардани ду нафар дастгир намудаанд.
Торнамои расмии ин ниҳод менависад, боздоштшуда сокини шаҳри Кӯлоб ва хонандаи мактаби таҳсилоти умумӣ будааст: “Гумонбаршуда, рӯзи 3 июни соли 2015 тахминан соати 21:10 дар хонаи истиқоматиашон бо апааш зани 26-сола ва шавҳари апааш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол намудааст. Сипас, бо корди дар дасташ буда як маротиба ба пойи апааш ва ду маротиба ба бадани шавҳари апааш задааст”.
Манбаъ мегӯяд, ҷабрдидаҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистариянд: “Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.