Нигаронии Сафорати Амрико аз масдуд шудани сомонаҳои интернетӣ
Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз масдудияти шабакаи иҷтимоии Фейсбук, сомонаҳои “Радиои Озодӣ”, “Азия Плюс” ва дигар сомонаҳои иттилоотӣ нигаронӣ кардааст.
Дар изҳороти сафорат гуфта мешавад, Амрико боварӣ дорад, ки ҳуқуқи ҳар шахс дар озодона иброз намудани фикри худ, хоҳ дар майдони оммавӣ ва хоҳ дар шабакаи интернетӣ, умумибашарист: “Иёлоти Муттаҳида мунтазам озодии сухан, васоити ахбори омма ва ҳуқуқи хабарнигоронро барои фаъолият кардан бидуни тарс, сензура ва таъқиботи сиёсӣ дастгирӣ менамоянд. Сафорати ИМА баҳри мусоидат ба рушди воситаҳои ахбори оммаи озоду мустақил бо Ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва аъзоёни воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ дорад. Мо Ҳукумати Тоҷикистонро даъват мекунем, ки маҳдудиятро аз шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ, Азия Плюс ва дигар сомонаҳои ахборотӣ ва иҷтимоӣ бардорад”.
Шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва бархе аз сомонаҳои хабарӣ баъд аз пахши наворе дар бораи ба гуруҳи террористии мавсум ба “Давлати исломӣ” пайвастани Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини “ОМОН”-и Тоҷикистон дастнорас шуданд.