Баҳси пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Раҳмон ва Шойгу
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ва вазири мудофиаи Русия масъалаи пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистонро ба баррасӣ гирифтаанд.
Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон мегӯяд, ин мавзӯъ дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Шойгу, ки имрӯз, 4 июн дар Душанбе сурат пазируфт, баррасӣ гардид. Манбаъ мегӯяд, дар ин дидор, “таваҷҷуҳи бештар ба авзои кунунии минтақа, хусусан шиддати вазъият дар шимоли Афғонистон ва масоили вобаста ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя зоҳир гардид”.
Инчунин, дар мулоқоти мазкур масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Русия дар асоси санадҳои дуҷониба ва бисёрҷониба матраҳ шудаанд: “Дар ин робита доир ба навсозии техникии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки яке аз тасмимҳои муҳими дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар соҳаи ҳамкории мудофиавӣ мебошад, гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳамгироии ҳамоҳангшудаи сохторҳои қудратию низомии Тоҷикистон бо Пойгоҳи ҳарбии 201-и Федератсияи Русия бояд тақвият ёбад”.
Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Шойгу доир ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии Русия ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ низ табодули назар кардаанд.