Ато Муҳаммад Нур: Маҷбур шудам масъаларо матбуотӣ кунам, зеро намехоҳам мардумам кушта шавад
Ато Муҳаммади Нур, сарпарасти вилояти Балх ва яке аз шахсиятҳои таъсиргузор дар Афғонистон ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистонро як ҳукумати намоишӣ ва саргарми кашокашҳои дохилӣ номид. Ин интиқоди Ато Муҳаммади Нур аз ҳукумати ваҳдати миллӣ дар ҳолест, ки худӣ ӯ яке аз ҳампаймонҳои доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар интихоботи соли гузаштаи раёсатҷумҳурии Афғонистон буд. Дар гуфтумонҳои зиёде, ки атрофи интихоботи пурсарусадои Афғонистон сурат гирифт, Ато Муҳаммади Нур ҳамеша дар ин баҳс ба ҳайси яке аз чеҳраҳои калидӣ иштирок мекард ва дониста мешуд.
Ато Муҳаммади Нур гуфта, мушкилоти бузурги Афғонистон ҳал нашуда ва роҳбарони Афғонистон дар масъулияти худ содиқона амал накардаанд: "Мушкилоте, ки дар давлат бояд ҳал шавад ва ҳал нашуда, иртибот мегирад ба раҳбарони ҳукумати Ваҳдати миллӣ”.
Ба гуфтаи Ато Муҳаммади Нур, “ман огоҳ шудам, ки ҷуғрофиёи ҷанг тағйир карда, мухолифин меоянд ва ҷабаҳотеро дар Бадахшон боз мекунанд. Дар ин замина бо раисиҷумҳур суҳбат доштам ва ҳамчунин бо раиси иҷроия. Ҳардушон истиқбол карданд ва гуфтанд, мо иқдом мекунем. Аммо мутассифона иқдом накарданд ва ман маҷбур шудам, масъаларо матбуотӣ кунам, зеро намехоҳам мардумам кушта шавад”.
Дар идомаи ин интиқод Ато Муҳаммади Нур бори дигар аз номзад шудани Маъсум Истонакзай ба ҳайси вазири дифои миллии кишвараш интиқод карда, гуфтааст, “ӯ дар Шӯрои сулҳ чӣ хидмат кард, ки битавонад дар Вазорати дифоъ ва дифои миллати Афғонистон хидмат кунад?”
Чанде пештар, сарпарасти вилояти Балх бо интиқод аз иқдоми раҳбарони ҳукумати Ваҳдати миллӣ гуфта буд: “Муаррифии Маъсум Истонакзай, ки қотили раҳбари фарҳехтаи Ҷамъияти исломӣ шинохта шудааст, дар вазифаи калидӣ чизе камтар аз по гузоштан рӯи арзишҳои миллӣ ва беҳурматӣ ба хуни муқаддаси раҳбари мо нест”.