Қотили шаҳрванди 17-солаи Тоҷикистон интизори ҳукми додгоҳ
Парвандаи як ҷавони 20-солаи рус, ки дар куштори шаҳрванди 17-солаи Тоҷикистон муттаҳам мешавад, ба додгоҳи Ростови лаби Дон ирсол шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин ҷавон ҳамчунин дар паҳн кардани маълумоти дорои хусусияти ифротгароӣ ва порнографияи кӯдакон айбдор мешавад.
Тафтишот муайян карда, ӯ рӯзи 2 октябри соли 2014 дар шаҳраки “Темерник” аз ҳисси миллатбадбинӣ бо зарби корд як навраси 17-сола, шаҳрванди Тоҷикистонро кушта, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст: “Кормандони пулис бо гузашти чанд рӯз ӯро боздошт карданд”.
Манбаъ мегӯяд, ин ҷавон дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти дорои ҳисси бадбинии шаҳрвандони ғайриславяниро нашр мекардааст.