Супориши Шойгу барои пеш аз муҳлат ба истифода додани беморхонаи пойгоҳи 201
Сергей Шойгу, вазири дифои Русия рӯзи сеюми июн аснои боздид аз пойгоҳи ҳарбии кишвараш дар Душанбе хостори дар моҳи сентябр ба истифода додани беморхонаи ин пойгоҳ шудааст. Сохтмони беморхонаи мазкур соли 2007 оғоз шуда, тибқи нақша мебоист охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирифт.
Сергей Шойгу аз сатҳ ва сифати корҳои сохтмонӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Ӯ дастур додааст, то ба тавонмандии иншооти сохташаванда ба зилзилаҳо таваҷҷуҳи хосса бидиҳанд. Вазири рус супориш додааст, ки назорати сохтмони иншоотҳои пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон бар уҳдаи маркази миллии идораи мудофиаи Русия вогузор шавад.
Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои СПАД ба Душанбе омадааст, ки қарор аст, имрӯз, 4 июн ба кори худ оғоз бахшад.