Ализода дар Брюссел аз вазъи озодии сухану фарзандони муҳоҷирон гуфт
Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё худ омбудсмени тоҷик бо Ивета Григуле, раиси Ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин вохурӣ, ки дар он Рустамҷон Солиев, намояндаи доимии кишвар дар Иттиҳоди Аврупо ҳузур дошт, рӯзи 2 июн дар шаҳри Брюссел баргузор шудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар мулоқоти омбудсмени тоҷик бо Григуле масоили марбут ба риояи озодии сухан ва эътиқод дар Тоҷикистон, тавсеаи дастрасии шаҳрвандон ба кӯмаки ҳуқуқӣ, муносибат бо Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон, аз ҷумла дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноӣ, ҳуқуқи занон ва фарзандони муҳоҷирон баррасӣ шудааст.