Додгоҳ ҳукми шаш соли зиндони овозхони шинохтаро бетағйир гузошт
Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Раҳима Шалоэр, овозхони маъруфи Тоҷикистонро бетағйир гузошт.
Наздикони Шалоэр ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки Абдураҳим Бобохонзода, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе зимни мурофиаи додгоҳӣ, имрӯз, 3 июн ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсиро бетағйр мондааст. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қаблан Раҳима Шалоэрро дар даст доштан дар қаллобӣ муҷрим шинохта, ӯро ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми ин сароянда аз ҷониби додраси додгоҳи Фирдавсӣ бо дастрасии моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон содир шуд, аммо вакили мудофеи ӯ ба Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсиёнӣ бурд.
Раҳима Шалоэр дар пайи шикояти як сокини шаҳри Душанбе, ки гӯиё овозхон аз ӯ тақрибан 17 ҳазор доллар гирифта, саривақт барнагардонидааст, ба маҳкама кашида шуд.