Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои навро ба муомилот ворид кард
Бонки миллии Тоҷикистон аз ворид кардани тангаҳои нав ба муомилот хабар дод. Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, тангаҳои 5,10, 20 ва 50 дирамӣ аз 28 май дар муомилот қарор гирифтаанд.
Дафтари матбуоти Бонки миллӣ мегӯяд, тангаҳои нав бо тангаҳои дар солҳои 2001, 2006 ва 2011 вориди муомилотшуда баробар дониста мешаванд. Пештар намунаҳои коғазии ин навъи хурди воҳиди пули Тоҷикистон ҳам дар муомилот буд, ки Бонки миллӣ чанд сол пеш аз нашри онҳо худдорӣ кард.